Дахолати милисаҳои Кӯлоб ба баргузории як чорабинии ҲНИТ

Ба баргузор намудани як чорабинӣ бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳамммад (с) дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб кормандони мақомоти маҳаллии милиса дахолат карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, ин амали худро кормандони милиса бо он шарҳ додаанд, ки чорабинӣ бидуни мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ созмон […]

ASIA-Plus


Ба баргузор намудани як чорабинӣ бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳамммад (с) дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб кормандони мақомоти маҳаллии милиса дахолат карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, ин амали худро кормандони милиса бо он шарҳ додаанд, ки чорабинӣ бидуни мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ созмон дода шудааст.

«Аз рӯи ин далел раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Абдусамади Ғайрат ба шуъбаи милиса даъват шуда, пас аз додани баёнот ӯро ҷавоб додаанд», – зикр кард М.Ҳайит.

Ба қавли муовини раиси ҲНИТ, кормандони милиса далел овардаанд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳаммад (с) дар кишвар манъ аст.

«Бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳаммад (с) ҲНИТ дар саросари кишвар чорабиниҳо доир менамояд ва дар ҳеҷ ҷое ба ин монеъа эҷод намесозанд, ба ҷуз ҳукуматдорони шаҳри Кӯлоб. Имрӯз бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ният дорад, ки аз болои амали кормандони милиса ба прокуратураи шаҳр шикоят барад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.