Суғд: Ҳукми 10 соли зиндон ба як узви фаъоли ҲИӮ

Барои узвият дар созмони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон як сокини вилояти Суғд ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов хабар дод, сокини 40-солаи шаҳри Панҷакент Фахриддин Бозоров  дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷинояткорӣ) ва 307, қ. 2, […]

Мавлуда Рафиева


Барои узвият дар созмони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон як сокини вилояти Суғд ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов хабар дод, сокини 40-солаи шаҳри Панҷакент Фахриддин Бозоров  дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷинояткорӣ) ва 307, қ. 2, дараҷаи 3 (Ташкил кардани фаъолияти созмони ифротгароӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи амвол ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

«Муқаррар карда шудааст, ки Ф.Бозоров шурӯъ аз соли 2008 узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, санаи 16-уми сентябри соли 2012 аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ-и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст», – зикр кард Шарифов.

Ба қавли ӯ, мӯҳлати ҷазоро маҳкумшуда дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард. «Ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст», – афзуд номбурда.

Бино ба маълумоти прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов, соли 2012 дар қаламрави вилоят нисбати 72 нафар сокинони вилоят – аъзои фаъоли ҳизбу созмонҳои мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва «Ҷамоати Таблиғ» 11 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.