Тибқи тағийроти қабулшуда ба қонун «Дар бораи ипотека» дар ҷаласаи имрӯза парлумон, акнун дар Тоҷикистон барои гирифтани қарзи бонкӣ ба гарав гузоштани замин (бо ҳуқуқи истифода ва ҳуқуқи мусодира) мумкин аст.
Зимни шарҳи тағйирот ба қонуни мазкур муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдукарим Неъматов зикр кард, ки ин тағйирот ба суръатбахшии ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ва зудтар дастрас шудани қарзҳои бонкӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида мусоидат хоҳад кард.
Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ба тағйироти пешниҳодшуда қотеъона изҳори норозигӣ намуд. «Ба гарав гузоштани замин барои дастрас намудани қарзҳои бонкӣ барои кишварҳое қобили қабул аст, ки дар онҳо замин моликияти хусусӣ мебошад, дар Тоҷикистон бошад, тибқи Конститутсия замин моликияти истисноии давлат аст ва хариду фурӯши он манъ мебошад», – гуфт Шабдолов.
Ба қавли ӯ, қабули тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ипотека» ба равнақи минбаъдаи хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар ҷумҳурӣ заминаи бештар мусоид фароҳам меоварад.
Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумон Маҳмадалӣ Ватанов, тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси замини моҳи августи соли гузашта қабулшуда мутобиқат мекунанд.
Зимни суханронӣ дар ин робита вакили парлумон Суҳроб Шарифов изҳор кард, ки ҳанӯз шаш сол пеш ҳангоми қабули қонун «Дар бораи ипотека» дар Тоҷикистон намояндагони бахши бонкӣ ба ҳама итминон дода буданд, ки пас аз қабули он қоидаҳои пешниҳоди қарзҳои бонкӣ ба аҳолӣ ба куллӣ дигаргун мешаванд. «Аммо дар давоми шаш сол чизе тағйир наёфт», – зикр кард Шарифов.
Ба эроди вакил намояндаи Бонки миллӣ зикр кард, ки барои амалисозии бандҳои қонун «Дар бораи ипотека» ба бонкҳои кишвар дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст.
Дар натиҷа тағйирот ба қонун «Дар бораи ипотека»-ро вакилони парлумон бо аксарияти овозҳо маъқул шумориданд.


