Cарвари давлат ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ асос гузошт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн мекунад, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳидоят намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз субҳи барвақт дар мавзеи бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн мекунад, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳидоят намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз субҳи барвақт дар мавзеи бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мутахассисони варзидаи боғпарвар шумораи зиёди дарахтони нодиру камёфти калонҷуссаи ороишию сояафкан шинонда шуд.

Тавре аён гардид, боғи навбунёди Наврӯзгоҳ дар майдони зиёда аз 10 гектари саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт доман паҳн менамояд.

Дар боғи нави Наврӯзгоҳ, асосан дарахтони бисёрсолаи магнолияи ҳамешасабз, магнолияи бунафш, кастона ё худ каштан, булут, шоҳбулут, фарки сурхбарг ва пихтаю дигар навъҳои беҳтарини ниҳолҳои сӯзанбарг шинонда мешаванд.

Тибқи нақша боғи Наврӯзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кӯдакон ва ғайра иборат хоҳад буд.

Боғи нави Наврӯзгоҳ аз тариқи роҳравҳои ду ҷониби ин шаршараи зебо бо боғи Нишони давлатии Тоҷикистон пайваст шуда, ба ансамбли биноҳо ва боғу майдониҳои маркази шаҳри Душанбе, ки аз Китохонаи миллӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ, боғу майдони Парчамии давлатии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва биноҳои дигари маъмурию фарҳангӣ иборат аст, ҳусни тоза зам менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.