ҲАТ аз як намоянда дар парлумон маҳрум мешавад

Дар ҷаласаи имрӯзаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ масъалаи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои намояндаи мардумӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифов баррасӣ мешавад. Ғайр аз ин, ӯ имрӯз ҳамчунин аз ҳайати Комиссияи муваққатии экологӣ ва Кумита оид ба масоили аграрии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ низ хориҷ хоҳад шуд. Ёдрас мекунем, ки санаи […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ масъалаи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои намояндаи мардумӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифов баррасӣ мешавад.

Ғайр аз ин, ӯ имрӯз ҳамчунин аз ҳайати Комиссияи муваққатии экологӣ ва Кумита оид ба масоили аграрии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ низ хориҷ хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 18-уми феврал бо фармони сарвари давлат Рустам Латифов раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъин карда шуд ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови баъди ин таъинот бояд ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супорад.

Тавре қаблан бо такя ба гуфтаҳои роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дода будем, муҳлати интихоби вакили нави МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ, ки аз онҷо Р.Латифов интихоб шуда буд, дар муддати се моҳ баъди аз ҷониби палатаи поёнии парлумон расман қабул шудани қарор дар бораи қатъи ваколатҳои Латифов таъин карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар палатаи поёнии парлумон Рустам Латифов Ҳизби аграрии Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, ки чун Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон ду намоянда доранд. Дар МН МО ҶТ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 45 курсӣ дошта, боз 10 нафари узви парлумон вакилони ғайриҳизбӣ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.