Фаъолияти беш аз 1,5 ҳазор занон дар мақомоти милисаи тоҷик

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ занони машғул ба фаъолият дар макомоти корҳои дохилиро табрик намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар сафҳои мақомоти милисаи тоҷик беш аз 1,5 ҳазор нафар занон фаъолият дошта, 9 нафари онҳо соҳиби рутбаи полковник ва 71 нафар подполковник […]


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ занони машғул ба фаъолият дар макомоти корҳои дохилиро табрик намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар сафҳои мақомоти милисаи тоҷик беш аз 1,5 ҳазор нафар занон фаъолият дошта, 9 нафари онҳо соҳиби рутбаи полковник ва 71 нафар подполковник мебошанд.

«Аз ҷумла, сармушовири вазири корҳои дохилии ҶТ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ Лола Отабоева, муовини сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалӣ Зумрад Солиева, муовини сардори Хадамоти назорати баҳисобгирии шиносномавӣ Екатерина Смолякова ва дигарон соҳиби рутбаи полковник мебошанд», – гуфтанд дар ВКД.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, дар маҷмӯъ 87 нафар занон аз вазифаи сардори шӯъбаҳо то муовинони сардори раёсатҳо мансабҳои роҳбариро ба уҳда доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори занон дар сохтори ВКД рӯз то рӯз зиёдтар мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.