Дар корхонаҳои соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Тоҷикистон дар як соли сипаришуда то наврӯзи имсол азнавсозию тармиму барқарорсозии корхонаҳо ва сохтмони як қатор корхонаҳои нав сурат гирифта, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 240 млн. сомонӣ (беш аз 50 млн. $) маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба соли 2011 ба миқдори 44,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш қариб 25%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар давраи сипаришуда дар маҷмӯъ аз ҳисоби ба истифода додани корхона ва коргоҳҳои нав дар соҳа қариб 340 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ба маблағи 11,3 млн. доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизотҳо ва хатҳои технологӣ ворид карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия барои солҳои 2007-2015, дар соли 2012 қисмати дуюми хати автоматикии истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамғаи баландшиддати ҶДММ «Ноқили Талко» ба пуррагӣ ба истифода дода шуд, ки дар он барои 150 нафар ҷои кории доимӣ ташкил карда шудааст.
Зикр гардид, ки корхона бо технологияи муосири истеҳсоли Олмон, Финландия ва Италия муҷаҳҳаз буда, иқтидори лоиҳавии корхона 10 ҳазор тонна коркарди алюминии аввалияро дар як сол ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхона қобилияти содиротӣ дошта, номгўи он беш аз 17 навъ мебошад.


