Эҳтимоли то 31,5% коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар соли 2015

Дар Тоҷикистон аз поин рафтани сатҳи камбизоатии 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 интизорӣ меравад. Дар мизи мудаввар оид ба натиҷагирӣ аз «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва қадамҳои минбаъда дар самти иҷрои «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», ки дар Вазорати рушди […]

Заррина Эргашева


Дар Тоҷикистон аз поин рафтани сатҳи камбизоатии 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 интизорӣ меравад.

Дар мизи мудаввар оид ба натиҷагирӣ аз «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва қадамҳои минбаъда дар самти иҷрои «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷараён дорад, дар ин бора маълумот дода шуд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод дар ин робита гуфт, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тибқи меъёрҳои тасдиқшудаи Бонки ҷаҳонӣ муқаррар карда мешавад ва ба қишри камбизоати аҳолӣ қисмате мансубанд, ки сатҳи даромадашон камтар аз 1 долллару 15 сент дар як шабонарӯз аст.

«Бисёриҳо бар ин назаранд, ки маълумоти оморӣ бозгӯи сатҳи воқеии камбизоатӣ несту он хеле зиёдтар аст, вале мо ба ин розӣ буда наметавонем, зеро ин маълумоти оморӣ бар асоси таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ таҳия шуда, гузашта аз ин, мо даромадҳои ғайрирасмии аҳолиро, ки ба анъанаҳои миллӣ марбутанд, ба инобат намегирем», – иброз дошт вай.

Ба қавли Давлатзод, ояндаи наздик мувофиқи методологияи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон сатҳи синфи миёна муайян карда мешавад. «Сатҳи глобалии синфи миёна дар Тоҷикистон 20% ва сатҳи дохилии синфи миёна дар ҷумҳурӣ наздики 31%-ро ташкил медиҳад», – гуфт муовини вазир.

Дар Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 зикр мегардад, ки ба қишри миёнаи байнулмилалии аҳолӣ оилаҳоеро метавон мансуб донист, ки бо назардошти қобилияти харидорӣ, хароҷоти шабонарӯзиашон ҳудуди аз 5,6 то 11,5 доллари ИМА барои як нафар аъзои оиларо ташкил диҳад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.