Имзои Ёддоштҳои кумаки бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маросими имзокунии Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикитон ва Ҷопон оид ба кумаки бебозгашт дар чаҳорчӯби Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти хизматрасонӣ ба роҳҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин Ёддоштҳои табодулӣ оид ба кумаки бебозгашт дар ҳошияи Лоиҳаи таҷдидкунии таҷҳизоти тиббӣ, обтаъминкунӣ ва қубурҳои обпарто ҷиҳати ҳифзи саломатии модар ва […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маросими имзокунии Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикитон ва Ҷопон оид ба кумаки бебозгашт дар чаҳорчӯби Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти хизматрасонӣ ба роҳҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин Ёддоштҳои табодулӣ оид ба кумаки бебозгашт дар ҳошияи Лоиҳаи таҷдидкунии таҷҳизоти тиббӣ, обтаъминкунӣ ва қубурҳои обпарто ҷиҳати ҳифзи саломатии модар ва кӯдак баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷониби Тоҷикистон санадҳоро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷопон сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши имзо намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои бебозгашти номбурда ду шартномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба имзо расид. Он санадҳоро аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби JICA сардори намояндагии JICA дар Тоҷикистон Ҷиро Иида ба имзо расониданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳукумати Ҷопон аз соли 1993 инҷониб барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди захираҳои инсонӣ ба Тоҷикистон кумакҳои бебозгашти техникӣ мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.