Дар Душанбе кӯдаконро медузданд?

Дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ толибаи 12-солаи мактаби таҳсилоти умумии №20-и пойтахт О.П. навиштааст, ки шоми рӯзи 2-юми апрел дар маркази шаҳри Душанбе афроди номаълум кӯшиши дуздидани писарчаи хурдсолро кардаанд. Дар хабар гуфта мешавад, дар ин рӯз ӯ бо хоҳиши омӯзгор каме дертар (яқинан толибаи басти 2-юм) аз мактаб ба хона раҳсипор шуда, ин замон […]

ASIA-Plus


Дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ толибаи 12-солаи мактаби таҳсилоти умумии №20-и пойтахт О.П. навиштааст, ки шоми рӯзи 2-юми апрел дар маркази шаҳри Душанбе афроди номаълум кӯшиши дуздидани писарчаи хурдсолро кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, дар ин рӯз ӯ бо хоҳиши омӯзгор каме дертар (яқинан толибаи басти 2-юм) аз мактаб ба хона раҳсипор шуда, ин замон як автомашинаи тамғаи хориҷӣ (ҷип)-и рангаш сиёҳ ё хокистарранг омада, аз дохили он ӯро фарёд ва сипас ба сӯяш ҳаракат кардаанд.

Дар идома ӯ менависад, ки ба як даромадгоҳи ростомада ворид шуда, онҷо каме меистад ва сипас онҳо мераванду ӯ ҳам ба хонаашон раҳсипор мегардад. Пас аз 15 дақиқа фарёди писарчаи 5-солаи ҳамсоя ба гӯшаш мерасад. Ӯро дошта, ба дохили автомашина бурданӣ будаанд. Вақте падари писарча берун меояд, онҳо ӯро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ба қавли ҳамсояҳо, дарвоқеъ ҳам баъди чанде ба назди хонаи онҳо, ки дар назди мактаби №20 воқеъ аст, кормандони милиса омадаанд. Онҳо гуфтаанд, оилаи Маҷидовҳо дар бораи кӯшиши рабудани кӯдак ариза навишта, ба кормандони милиса супурдаанд.

Тасдиқи ин маълумот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар нашуд, зеро аксари телефонҳои мақомот ба зангҳо посух намедиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.