Тасдиқи лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, роҷеъ ба лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазири адлия […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, роҷеъ ба лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазири адлия Рустам Менглиев, намояндагони мардумӣ дар парлумон Насрулло Маҳмудов ва Саттор Холов суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки лоиҳаи кодекси мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи президенти Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Зикр гардид, ки лоиҳаи ин Кодекс дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, масъалаҳои пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шудаанд. Доираи фаъолияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин, ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектони хоҷагидор мушаххас гардонида шудааст.

Дар лоиҳаи Кодекси мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, пешбурд, тартиби баррасӣ, қабули қарор, шикоят овардан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, ба суд, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз рӯи қарорҳои қабулгардида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо ба таври мушаххас пешбинӣ карда шудаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа вакилон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро пас аз шарҳу тавзеҳи вакил Акрамшо Фелалиев баррасӣ ва қабул намуданд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби палатаи поёнии парлумон як қатор созишномаҳои қарзӣ ва бурсии баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ низ ба тасвиб расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.