Баррасии мушкилоти водии Рашт дар мулоқоти Ш.Зуҳуров бо фаъолони минтақа

Date:


Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолон, роҳбарони корхонаву ташкилот ва намояндагони аҳли ҷомеаи минтақа мулоқот кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ Шукурҷон Зуҳуров нуктаҳои асосии Паёми президенти кишварро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон яке аз рӯйдодҳои муҳими сол маҳсуб меёбад.

«Зимни суҳбати ошкоро бо аҳолӣ атрофи дастоварду мушкилоти водии Рашт, ҷалби ҷавонони минтақа ба гирифтани маълумоти касбӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, обёрии заминҳои нав, таъмини маҳаллаҳои аҳолинишин бо кормандони тиббӣ, зиёд кардани квотахои президентӣ барои ҷавонони минтақа ҷиҳати ба мактабҳои олӣ дохил шудани онҳо ва дигар масоили ҳалталаби рӯзмарра табодули назар сурат гирифт»,- гуфтанд дар хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон.

Ба иттилои манбаъ, сипас Ш.Зуҳуров аз иншоооти марвиди бунёд қарордошта дар маркази ноҳияи Рашт боздид намуда, бо омӯзгорону муҳассилини Донишкадаи омӯзгории Рашт суҳбат кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...