Иҷозати баргузории намози ҷумъа ба 10 масҷиди Душанбе

Ба 10 масҷиди намози панҷгонаи шаҳри Душанбе барои баргузории намози ҷумъа иҷозат дода шуд. Тавре ба islamnes.tj сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, чанд моҳ қабл 9 масҷиди намози панҷгона низ чунин иҷозат гирифтанд. «Ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои динии тоҷикистониён ба масҷидҳои панҷгона барои баргузории намози ҷумъа иҷозат дода мешавад. […]

ASIA-Plus


Ба 10 масҷиди намози панҷгонаи шаҳри Душанбе барои баргузории намози ҷумъа иҷозат дода шуд.

Тавре ба islamnes.tj сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, чанд моҳ қабл 9 масҷиди намози панҷгона низ чунин иҷозат гирифтанд.

«Ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои динии тоҷикистониён ба масҷидҳои панҷгона барои баргузории намози ҷумъа иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин он барои қисман таъмин намудани амнияту бехатарии аҳолӣ дар намози ҷумъа мусоидат мекунад, зеро рӯзи намози ҷумъа назди масҷидҳои ҷомеъ шумори зиёди автомашинаҳо ҷамъ мешаванд», – зикр кард Завқиев.

Ба қавли ӯ, зимни додани иҷозатнома талаботҳо ба масоҷид, аз қабили мавҷудияти шароити анҷом додани оинҳои динӣ, мутобиқат ба меъёрҳои санитарӣ, зистмуҳитӣ, меъморӣ ва зиддисӯхторӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Душанбе 1 Маркази исломӣ, 4 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 19 масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷиди намози панҷгона амал мекунанд. Ҳамчунин дар пойтахт 31 ташкилоти ғайриисломӣ фаъолият доранд.

Айни замон дар Тоҷикистон 3982 масҷид фаъолият дошта, 1 масҷид бо шумули занону ноболиғон, ки ба масҷид намераванд, ба 1,9 ҳазор нафар рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.