Оғози ҳаракати нақлиёт тариқи ағбаи Хобуробот

Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тавассути ағбаи Хобуробот (Сағирдашт), ки маркази ҷумҳуриро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меайвандад, аввали моҳи июн барқарор мешавад. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, чанде қабл як гурӯҳи кории вазорат ҷиҳати барқарор намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилгард дар роҳи автомобилгарди Лабиҷар – Тавилдара – Қалъаихум (тавассути ағбаи Хобуробот) ба навоҳии ВМБК […]

ASIA-Plus


Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тавассути ағбаи Хобуробот (Сағирдашт), ки маркази ҷумҳуриро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меайвандад, аввали моҳи июн барқарор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, чанде қабл як гурӯҳи кории вазорат ҷиҳати барқарор намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилгард дар роҳи автомобилгарди Лабиҷар – Тавилдара – Қалъаихум (тавассути ағбаи Хобуробот) ба навоҳии ВМБК сафар кард. Ҳамчунин дар ин сафар роҳи аз Қалъаихум то Кӯлоб аз санҷиш гузаронида шуд.

«Ҳангоми муоинаи роҳу пулҳо ва иншооти дигари роҳдорӣ баъзе нуқсонҳо ошкор гаштанд ва дар ин иртибот ба мутасаддиён дастур дода шуд, ки ҳама камбудиҳоро то охири моҳи май ислоҳ намуда, аз омода будани роҳ ва оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилгард тавассути ағбаи Хобуробот маълумот диҳанд», – зикр мегардад дар иттилои вазорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.