Ёдбуди хотираи синамогарон дар Душанбе

Рӯзи 31-уми май аъзои Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон чорабинии анъанавии ёдбуди хотираи синамогарони фавтидаро доир месозанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди синамогарони ҷумҳурӣ Сафар Ҳақдодов дар ин робита иттилоъ дод, ин чорабинӣ шурӯъ аз соли 2000 то инҷониб гузаронида шуда, ташаббускори он коргардони маъруф Тоҳир Собирови марҳум мебошад. «Ҳамасола рӯзи 31-уми май арбобону ҳаводорони ҳунари […]

ASIA-Plus


Рӯзи 31-уми май аъзои Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон чорабинии анъанавии ёдбуди хотираи синамогарони фавтидаро доир месозанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди синамогарони ҷумҳурӣ Сафар Ҳақдодов дар ин робита иттилоъ дод, ин чорабинӣ шурӯъ аз соли 2000 то инҷониб гузаронида шуда, ташаббускори он коргардони маъруф Тоҳир Собирови марҳум мебошад.

«Ҳамасола рӯзи 31-уми май арбобону ҳаводорони ҳунари кино барои ёдбуди хотираи синамогарону кормандони соҳаи кино ба оромгоҳҳои шаҳрии «Лучоб» ва «Сари Осиё» мераванд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, нимаи рӯз дар Хонаи кинои пойтахт таҳти унвони «Мо дар хотир дорем» (Мы помним) филм намоиш дода мешавад, дар он давоми 30 дақиқа фотокадрҳои беш аз 100 нафар арбобони кинои саҳмгузор дар рушди индустрияи синамои Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1929 пешкаш мегардад.

«Худи ҳамон рӯз 10 нафар арбобони ҷавони соҳаи кино ба узвияти Иттиҳоди синамогарон пазруфта шуда, шумори аъзои Иттиҳод то ба 140 нафар мерасад», – афзуд С.Ҳақдодов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.