Миннатпазирии Б.Собир ба таваҷҷуҳи хоссаи президент

Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоссааш ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд. «Мо бо президент суҳбати гуворову самимӣ ва дӯстона оростем. Ман аз ӯ миннатпазирам, ки маро дар Амрикои дур дарёфта, ба ватан даъват кард. Барои миннатпазир будани ман, ҳамин гуна таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби сарвари давлат кофист», – […]

ASIA-Plus


Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоссааш ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.

«Мо бо президент суҳбати гуворову самимӣ ва дӯстона оростем. Ман аз ӯ миннатпазирам, ки маро дар Амрикои дур дарёфта, ба ватан даъват кард. Барои миннатпазир будани ман, ҳамин гуна таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби сарвари давлат кофист», – иброз дошт шоир имрӯз пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе.

Бозор Собир зикр кард, ки тӯли солҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, он замон ҳеҷ касе ба сафари ӯ монеъа эҷод накарда буд.

Сафари индафъаинаро Бозор Собир ғайриоддӣ мешуморад, «зеро ба сифати муҳоҷири тоҷик бо даъвати расмии президенти кишвар омадааст».

Шоир ҳамчунин изҳор намуд, ки қаблан низ аз ҷониби ҳукумати кишвар барои бозгашт даъват шудааст. «Ман аз ҷониби собиқ вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ба ватан даъват шуда, вале он замон барои бозгашти ман шароит он қадр созгор ва барвақт ҳам буд», – зикр кард ӯ.

Ба қавли шоир, он замон онҳо ҷиҳати фаро расидани шароити бештар мусоид ба мувофиқа расида, сипас дар суҳбатҳои телефонӣ низ ҳукуматдорон ӯро ба ватан даъват кардаанд. «Имрӯз он шароити созгор фаро расид ва ман бо хушнудӣ даъвати президентро пазируфтам», – афзуд Бозор Собир.

Шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир

рӯзи 27-уми май

аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.