Шимонович: Вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар ҶТ беҳбудӣ мехоҳад

Ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Иван Шимонович бар ин назар аст, ки дар ҳоли аз ҷониби Тоҷикистон баррасӣ шудани узвият ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳукумат бояд ба пешрафтҳои иловагӣ ҷиҳати беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи инсон муваффақ гардад. Дар иттилоияи интишоршудаи Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ зикр […]

ASIA-Plus


Ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Иван Шимонович бар ин назар аст, ки дар ҳоли аз ҷониби Тоҷикистон баррасӣ шудани узвият ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳукумат бояд ба пешрафтҳои иловагӣ ҷиҳати беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи инсон муваффақ гардад.

Дар иттилоияи интишоршудаи Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ зикр мегардад, ки ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон (22-юми май) Шимонович сатҳи огаҳии шахсони мансабдори давлатӣ дар бораи мушкилот ва камбудиҳо дар бахши ҳуқуқи инсонро мусбат арзёбӣ намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, вазирони корҳои хориҷиву дохилӣ ва адлия, Прокурори генералӣ, Омбудсмен ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф намудаанд, ки риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун таркибҳои муҳимтарини бунёди давлатӣ демократӣ, рушди иқтисод ва таҳкими сулҳу субот мебошанду дар ин самт то ҳанӯз корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод.

«Вохӯрии ман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандии дар ҳоли рушд қарордошта ва мушаххасан мавқеи худро ифодакунанда вуҷуд дошта, он дар бахши риояи ҳуқуқи инсон тасаввуроти возеҳ дорад ва дар ин самт метавонад саҳми босазо гузорад», – иброз доштааст ӯ.

Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки Шимонович аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо механизмҳои ҳомии ҳуқуқи инсони СММ, бахусус сафари Гузоришгари вижаи СММ оид ба масоили шиканҷа дар соли 2012 ва Гузориши қаблии Кумитаи зидди шиканҷа истиқбол кардааст.

«Масъалаи шиканҷа муфассал баррасӣ шуда, барои муҳайё кардани имкони боздиди ман аз зиндон дар канори пойтахт дар муҳлати кӯтоҳтарин изҳори миннатдорӣ мекунам. Ман муҳимияти дастрасии кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба тамоми муассисаҳои ислоҳӣ ва тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа барои мониторинги мустақили муассисаҳои ислоҳиро таъкид кардам», – изҳор доштааст Шимонович.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.