Тасдиқи лоиҳаи созишномаи сохтмони роҳу пул миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи Созишнома дар бораи сохтмони ду пул ва роҳҳои автомобилгарди назди онҳо тавассути канали Ғӯлакандоз ва дарёи Қозубағлан (Хоҷа Боқирғон)-ро тасдиқ кард. Гуфта мешавад, дар Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзҳои давлатӣ дар мавриди ин созишнома мувофиқа ҳосил нашуда, ҷониби Тоҷикистон онро қабул ва ба сохтмон монеъагузорӣ нахоҳад кард. Ҷараёни […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи Созишнома дар бораи сохтмони ду пул ва роҳҳои автомобилгарди назди онҳо тавассути канали Ғӯлакандоз ва дарёи Қозубағлан (Хоҷа Боқирғон)-ро тасдиқ кард.

Гуфта мешавад, дар Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзҳои давлатӣ дар мавриди ин созишнома мувофиқа ҳосил нашуда, ҷониби Тоҷикистон онро қабул ва ба сохтмон монеъагузорӣ нахоҳад кард.

Ҷараёни сохтмон аз ҷониби мақомоти ваколатдори тарафҳо – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

То анҷоми ҷараёни аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни кишварҳо, дар қитъаи мазкур ҷонибҳо ба сохтмони иншоот ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ машғул намешаванд.

Ҳамчунин дар санади мазкур муқаррар шудааст, ки дар қитъаи мазкур тартиби содашудаи вуруду хурӯҷи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт амал хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.