Созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-ум ба парлумон ворид нашудааст

Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ба имзо расида буд, то ҳанӯз аз ҷониби ҳукумат барои тасдиқ ба палатаи парлумони ҷумҳурӣ фиристода нашудааст. Дар ин бора ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумон огаҳӣ ёфт. Аввали моҳи июн вакилон ба […]

ASIA-Plus


Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ба имзо расида буд, то ҳанӯз аз ҷониби ҳукумат барои тасдиқ ба палатаи парлумони ҷумҳурӣ фиристода нашудааст. Дар ин бора ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумон огаҳӣ ёфт.

Аввали моҳи июн вакилон ба таътили семоҳа мебароянд ва метавон тахмин кард, ки тасдиқи Созишнома аз ҷониби Тоҷикистон ҳадди ақал то тирамоҳ тӯл хоҳад кашид, аммо ҳолатҳое буданд, ки барои тасдиқи созишнома ва лоиҳаи қонунҳои ба истилоҳ таъҷилӣ ва муҳим вакилони МНМО ҶТ аз таътил бозпас даъват шудаанд.

Масалан, моҳи августи соли 2011 барои қабули қонун «Дар бораи афв» иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумон даъват шуда, соли гузашта низ барои баррасии лоиҳаи Кодекси нави андоз вакилон аз рухсатӣ бозхонд шуда буданд.

Ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, ҳайати он ҳудуди 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аввали моҳи майи соли равон президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи тасдиқи Созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Созишома бо Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2012 дар Душанбе ба имзо расида, муҳлати ҳузури пойгоҳ то 49 сол дароз карда шуд. Пойгоҳ муддати 19 сол (аз соли 1993) дар Тоҷикистон мустақар буда, тибқи созишномаи нав, он боз 30 соли дигар – то соли 2042 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.