Сафари нахуствазири ҷумҳурӣ ба Минск

Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба рӯзи 31-уми май таъин шудааст, ба пойтахти Белорус – шаҳри Минс раҳсипор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба рӯзи 31-уми май таъин шудааст, ба пойтахти Белорус – шаҳри Минс раҳсипор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа имзои Протокол дар бораи минтақаи савдои озод аз 18-уми октябри соли 2011 миёни Тарафҳои он ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст, ки механизмҳои ҳуқуқии муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои узви Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод муайян карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни амалисозии Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ дар соли 2012 ва дар давраи то соли 2020-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин баррасии Консепсияи таъсиси заминаи маълумоти патентҳо ва инноватсияҳои ИДМ пешбинӣ шудааст, ки ба тиҷоратикунонии босуръати натоиҷи фаъолияти илмӣ-техникӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бахши инноватсия дар паҳнои Иттиҳод мусоидат мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ инчунин масоили ҳамкориҳо дар бахши гуманитариро низ баррасӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.