Муноқишаи тоҷикону озарбойҷониҳо дар Екатеринбург

Дар анбори захираи сабзавоти шаҳри Екатеринбурги Русия муноқишаву занозании дастаҷамъонаи тоҷикону озарбойҷониҳо ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия бо истинод ба мақомоти пулиси маҳаллӣ, иштирокчиёни муноқиша бо яроқи оташфишон, корд ва дигар лавозимоти ҳуҷум мусаллаҳ будаанд. Гуфта мешавад, яке аз дарафтодагон бо истифода аз таппончаи ҷароҳатдеҳ чанд нафарро аз дасту по захмӣ карда, […]

ASIA-Plus


Дар анбори захираи сабзавоти шаҳри Екатеринбурги Русия муноқишаву занозании дастаҷамъонаи тоҷикону озарбойҷониҳо ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия бо истинод ба мақомоти пулиси маҳаллӣ, иштирокчиёни муноқиша бо яроқи оташфишон, корд ва дигар лавозимоти ҳуҷум мусаллаҳ будаанд.

Гуфта мешавад, яке аз дарафтодагон бо истифода аз таппончаи ҷароҳатдеҳ чанд нафарро аз дасту по захмӣ карда, беш аз 30 нафар иштирокчиёни муноқиша боздошт ва ба шуъбаи пулис мунтақил шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки муноқиша ангезаҳои миллатгароӣ ва ҷиноӣ надошта, сабаби он ҷанҷоли фурӯшандагон бо боркашонон барои ҷойи фурӯши сабзавоту мева будааст.

Сардори мақомоти пулиси вилоят гуфтааст, миёни ҷабрдидагон ҳам тоҷикону ҳам озарбойҷониҳо ҳузур дошта, онҳо ба яке аз бемористонҳои шаҳр фиристода шудаанд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.