Тақдири У.Қувватов моҳи август ҳал мешавад

Суди Дубай шикояти кассатсионӣ нисбати иҷозати ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватовро санаи 18-уми август баррасӣ мекунад. Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ аз Маскав омада, минбаъд нияти сафар ба Брюсселро дошт. Рӯзи […]

ASIA-Plus


Суди Дубай шикояти кассатсионӣ нисбати иҷозати ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватовро санаи 18-уми август баррасӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ аз Маскав омада, минбаъд нияти сафар ба Брюсселро дошт.

Рӯзи 14-уми апрели соли равон суди Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) дар бораи

рухсати истирдоди

пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов  қарор қабул карда, ҳимоягари ӯ аз болои ин қарори суд шикояти кассатсионӣ бурд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Никодлай Николаев, адвокати Умарлӣ Қувватов хабар дод, зерҳимояи ӯ айни замон дар ҳуҷраи яккасаи тавқифгоҳи муваққатии Дубай нигаҳдорӣ мешавад ва ҷониби ҳимоя мутмаин нест, ки ба озодии Қувватов муваффақ гардад. «Чизеро интизорӣ доштану тахмин кардан мушкил аст. Чун ҳамешагӣ ба беҳтару хуб сурат гирифтани қазия умедворӣ дорем», – зикр кард Николаев.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд. Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.

Қаблан дар видеохостинги Youtube

сабти тозаи аудиоии

пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.