Майдони фарогири малах ба 90 ҳазор га наздик мешавад

Феълан майдони аз ҳуҷуми малах зарардида дар Тоҷикистон аллакай 87 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, то 31-уми май дар майдони ҳудуди 80 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, ба чорабиниҳои мубориза зидди малах 45 адад дорупошакҳои тракторӣ (ОВХ) ва аэрозолҳои дастӣ, 716 адад дорупошакҳои дастӣ сафарбар […]

ASIA-Plus


Феълан майдони аз ҳуҷуми малах зарардида дар Тоҷикистон аллакай 87 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, то 31-уми май дар майдони ҳудуди 80 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, ба чорабиниҳои мубориза зидди малах 45 адад дорупошакҳои тракторӣ (ОВХ) ва аэрозолҳои дастӣ, 716 адад дорупошакҳои дастӣ сафарбар гардида, беш аз 1 ҳазор нафар ба ин корҳо ҷалб шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, майдони фарогири ҳуҷуми малах дар вилояти Хатлон – беш аз 54,5 ҳазор, вилояти Суғд – зиёда аз 18 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – беш аз 13 ҳазорро ташкил дода, тадбирҳои нобудсозии малах дар ҷумҳурӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон барои мубориза зидди малах аз буҷети давлатӣ ҷудо гардидани беш аз 5,6 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои, КВД «Мубориза зиди малах», дар саросари ҷумҳурӣ ҳамасола барои мубориза бо ҳашароти зараровар ҳудуди 250-300 ҳазор нафар ба чорабиниҳо ҷалб мешаванд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2010 дар Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бо малах барои солҳои 2011-2015 қабул гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.