Нигаронии мири пойтахт аз рафтори номатлуби ҷавонон

Дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини меъёрҳои санитарӣ дар […]

ASIA-Plus


Дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр, мутобиқати нӯшокиҳои ташнашикани дар фасли гармо мавриди фурӯш қарордошта ба меъёрҳои эътирофшуда, таъмини ғановати бозорҳо бо сабзавоту меваи тару тоза, ҷараёни таъмиру азнавсозии кӯчаву роҳҳо, беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ дар боғҳои фарҳангу истироҳат, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, риояи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ оид ба  танзими расму оин ва дигар масоили рӯзмарраи хоҷагидории пойтахт баррасӣ шуданд.

Бо дарназардошти маълумотҳои дақиқ ва таҳлили фазои фарҳангию ахлоқии шаҳр дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолатҳои алоҳидаву ба мушоҳидарасидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳор нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ дод, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, нисбати ноболиғон ва ҷавонони шабонгоҳон халалдоркунандаи оромии сокинон чораҳои профилактикӣ биандешанд ва оид ба рафторҳои номатлуби онҳо ҷиҳати пешгирии минбаъда падару модаронашон ҷалб карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.