Мулоқоти нахуствазир бо директори минтақавии БҶ

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лор Пакро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Оқилов зимни мулоқот зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо БҶ дар самтҳои ояндадори иқтисод ва […]

Аваз Юлдошев


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лор Пакро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Оқилов зимни мулоқот зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо БҶ дар самтҳои ояндадори иқтисод ва бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои густаришу тавсеъаи бештари онҳо чораҳои амалӣ меандешад.

«Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ яке аз шарикони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо дар соли 2012 миёни ҷонибҳо 7 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 90 млн. доллраи ИМА ба имзо расидааст», – иброз дошт С.Муҳиддинов.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои гуногун табодули назар намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.