Тӯраҷонзода: Паси бетартибиҳои Туркия шояд нерӯҳои хориҷӣ қарор дошта бошанд

Дар робита ба бетартибиҳои оммавӣ дар Истанбул, ки ахири ҳафтаи гузашта шурӯъ шуданд, сиёсатмадор ва рӯҳонии шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин ибрози андеша намуд, ки комёбиҳои  дар замони ҳукмронии ба истилоҳ нерӯҳои исломӣ дар Туркия бадастомада, қобили қабули доираҳои сиёсии зиддисломии кишварҳои минтақа нестанд. «Ҳизби адолат ва рушди нахуствазир  Раҷаб Таййиб Эрдуғон шурӯъ аз […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба бетартибиҳои оммавӣ дар Истанбул, ки ахири ҳафтаи гузашта шурӯъ шуданд, сиёсатмадор ва рӯҳонии шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин ибрози андеша намуд, ки комёбиҳои  дар замони ҳукмронии ба истилоҳ нерӯҳои исломӣ дар Туркия бадастомада, қобили қабули доираҳои сиёсии зиддисломии кишварҳои минтақа нестанд.

«Ҳизби адолат ва рушди нахуствазир  Раҷаб Таййиб Эрдуғон шурӯъ аз соли 2002 ба дастовардҳои беназир дар рушди иқтисод ноил гардида, дар ин давра ҳаҷми ММД-и кишвар беш аз 6 маротиба афзуд ва бо ин ба тамоми ҷаҳониён собит гардид, ки аҳзоби исломӣ низ дар идораи кишвар муваффақ буда метавонанд ва дар ҷаҳон нерӯҳое пайдо шуданд, ки ин табъи дилашон нест», – иброз дошт Тӯраҷонзода.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки ба ҳар як сиёсатмадори солимфикр возеҳ аст, ки сабаби гирдиҳамоӣ дар Истамбул қарори тахриби як боғ дар шаҳр ва сохтмони маркази тиҷоратӣ дар ҷойи он аст, ки ба чунин тасмимгирӣ ҳукуматдорони Истанбул ҳам ваколатдоранд, вале эътирози мардум маҳз муқобили ҳукумати Эрдуғон сурат гирифт.

«Ба андешаам, дар бетартибиҳои оммавӣ қисман худи Ҳизби адолат ва рушд ҳам гунаҳкор буда метавонад, ки аз замони таъсиси он сарвараш Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст. Таври маълум, дар ҳама гуна давлат аз салтанати дарозмуҳлат ва тағйирнопазири як шахс дар ниҳояти кор мардум дилсард мешаванд ва ин ҳам метавонад ба эътирозҳои ҳамагонии мардум боис гардад», – афзуд Тӯраҷонзода.

Тавре бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

 хабар медиҳад, эътирози маъмулӣ бар зидди сохтмони фурӯшгоҳ дар ҷои як парки канори майдони Тақсими Истанбул ғайричашмдошт бо аксуламали шадиди полис мувоҷеҳ шуда, боиси тавсеаи эътироз дар бузургтарин шаҳрҳои Туркия гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.