Иштироки намояндагони ҲХДТ дар конфронси байнулмилалӣ

Рӯзҳои 30-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин зери мавзӯи «Пешрафти инкишофи сабз, бунёди муштараки Осиёи зебо» конфронси байналмилалии аҳзоби сиёсии Осиё баргузор гардид, ки дар кори он бо даъвати Ҳизби коммунисти Чин муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Гулнора Худойбердиева ширкат варзиданд. […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 30-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин зери мавзӯи «Пешрафти инкишофи сабз, бунёди муштараки Осиёи зебо» конфронси байналмилалии аҳзоби сиёсии Осиё баргузор гардид, ки дар кори он бо даъвати Ҳизби коммунисти Чин муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Гулнора Худойбердиева ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲХДТ, дар кор конфронс намояндагони 57 аҳзоби сиёсӣ аз 33 давлатҳои минтақаи Осиё, Африқо ва Амриоки Лотинӣ ширкат доштанд. Дар расми ифтитоҳии кори Конференсияи мазкур намояндагони воломақоми Чин, аз ҷумла аъзои Бюрои сиёсии КМ Ҳизби коммунисти Чин, муовини роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ли Юан Тсао, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи Марказӣ Ван Тся Жой иштирок ва суханронӣ намуданд.

Давоми ду рӯз дар бахшҳои алоҳида кори Конференсия идома ёфта, маърӯзаҳои ҷолиб аз ҷониби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шунида шуд. Чунончӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов дар мавзӯи «Иқтисодиёти сабз роҳ ба рушди устувор ва азбайнбарии камбизоатӣ дар Тоҷикистон» суханронӣ кард.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.