Плазаи толлингии IRS-ро сел шуст

Нимаи дуюми дирӯз бар асари селфароӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанак дар мавзеи Ҳушёрӣ, ҳаракати мошинҳо мутаваққиф ва аз ҷумла плазаи толлингии воқеъ дар онҷои ширкат низ осеб дид. Бино ба иттилои ширкати мазкур, сел ба қисми мошингузари роҳ баромада, сангу ҳар гуна ашёро бо худ мебурд. «Ба ҷойи ҳодиса техникаи роҳдорӣ сафарбар гардид, ки […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми дирӯз бар асари селфароӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанак дар мавзеи Ҳушёрӣ, ҳаракати мошинҳо мутаваққиф ва аз ҷумла плазаи толлингии воқеъ дар онҷои ширкат низ осеб дид.

Бино ба иттилои ширкати мазкур, сел ба қисми мошингузари роҳ баромада, сангу ҳар гуна ашёро бо худ мебурд.

«Ба ҷойи ҳодиса техникаи роҳдорӣ сафарбар гардид, ки роҳи убурро барои воситаҳои нақлиёт таъмин намуд. Барои пурра бартараф намудани оқибатҳои фаромадани сел тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд», – гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Қобили зикр аст, ки плазаи «Ҳушёрӣ» яке аз ҳафт плазаҳои толлингии воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанаки ширкати IRS аст. Механизми толлингии идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 31-уми марти соли 2010 расман ҷорӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.