Шабдолов: Мардуми Туркия ба гузашта баргаштанӣ нест

Дар робита ба сар задани бетартибиҳои оммавии ахир дар Туркия раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки ин ҳодисаҳо раванди ногузир буда, оқибати сиёсати исломгароёнаи нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошад. Ӯ қотеъона розӣ набудани худ ба андешаҳоеро изҳор дошт, ки гӯё дар паси ин бетартибиҳо нерӯҳои хориҷӣ қарор […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба сар задани бетартибиҳои оммавии ахир дар Туркия раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки ин ҳодисаҳо раванди ногузир буда, оқибати сиёсати исломгароёнаи нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошад.

Ӯ қотеъона розӣ набудани худ ба андешаҳоеро изҳор дошт, ки гӯё дар паси ин бетартибиҳо нерӯҳои хориҷӣ қарор дошта, ҳукмронии муваффақонаи ҳизби исломӣ дар Туркияро хуш надоранд.

«Туркия кишвари дунявӣ ва имрӯз шарики кишварҳои ҳукмрони олам аст, яъне Иттиҳоди Аврупову ИМА ва ҳамчунин узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) буда, ба Иттиҳоди Аврупо пайвастанист ва аз ин рӯ, содалавҳ мебояд буд, то бигӯӣ, ки дар сар задани ин ҳодисаҳо қувваи беруна даст дорад», – зикр кард Шабдолов.

Дар идома ӯ иброз дошт, ки аввали солҳои 20-уми қарни гузашта, замоне, ки Мустафо Камол Отатурк роҳи дунявии рушдро эълом дошта, ба комёбиҳои назаррас муваффақ шуд, исломгароён ҳамеша мавриди интиқомро умедвор буданд ва бадшавии вазъи иҷтимоиву иқтисодии аксари аҳолии Туркия ахири асри гузашта ба нафъи онҳо анҷом пазируфт ва ҷиҳати сари ҳокимият омадан имконоти воқеъӣ муҳайё шуд.

«Эътирози иҷтимоии ҷонибдорони сиёсати дунявӣ  алайҳи ҳукумати Эрдуғон кайҳо пухта расида, қарори тахриби як боғ дар шаҳр ва сохтмони маркази тиҷоратӣ дар ҷойи он ба эътироз боис гардид. Сиёсати нисбати Сурия роҳандозишудаи Эрдуғон бошад, ин мушкилотро боз ҳам печидатар сохт. Имрӯз мардуми Туркия изҳор медорад, ки ба гузашта баргаштанӣ нест», – таъкид дошт раиси ҲКТ.

Шабдолов ҳамчунин илова намуд, ки дар интихоботи парлумонии минбаъда аз этимоди мардум бархӯрдор шудани исломгароён қариб ғайриимкон мегардад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.