Таҷрибаандӯзии кормандони Кумитаи андоз дар Канадаву Италия

Як ҳайати мутахассисони Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумита Аюб Солиев ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кории ҳамтоҳои итолиёвӣ ва канадагии худ ба шаҳрҳои Рим ва Монреал сафарбар шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Кумитаи андоз дар робита бо корҳои рӯзмарра ҳамчунин ба фаъолияти беруна низ таваҷҷуҳ намуда истодааст, инчунин, […]

ASIA-Plus


Як ҳайати мутахассисони Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумита Аюб Солиев ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кории ҳамтоҳои итолиёвӣ ва канадагии худ ба шаҳрҳои Рим ва Монреал сафарбар шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Кумитаи андоз дар робита бо корҳои рӯзмарра ҳамчунин ба фаъолияти беруна низ таваҷҷуҳ намуда истодааст, инчунин, ба масоили ташкили мубодилаи маълумот бо мақомоти ваколатдори мамлакатҳои хориҷӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андоз марбут ба омӯзиш, таҳлил ва андешидани чораҳо оид ба татбиқи муассири таҷрибаи байналмилалӣ дар самти маъмурикунонии андоз, инчунин таъмини қонунгузории андоз диққати ҷиддӣ медиҳад.

«Мақсад аз иқдоми мазкур омӯзиши масъалаҳои гузаронидани санҷишҳо аз рӯи баҳодиҳии хавфҳо, маъмурикунонии тартиби пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва рушди маъмурикунонии андози субъектҳои сохибкории хурд ва миёна аст», – зикр мегардад дар иттилои Кумита.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ барои амалисозии лоиҳаи ислоҳоти низоми андозбандии маъмурии Тоҷикистон 18 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда, аввали моҳи феврали соли равон дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ ва як қатор ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ба татбиқи лоиҳаи мазкур оғоз намуд, ки ба итмом расонидани он ахири соли 2017 дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.