Оғози татбиқи лоиҳаи навбатии БҶ дар бахши кишоварзӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳае бо маблағи умумии 45,9 млн. доллари ИМА ҳусни оғоз бахшиданд, ки мақсади он беҳтар намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои кории муваққатӣ дар дувоздаҳ ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи дуюм оид ба корҳои ҷамъиятӣ барои идоракунии устувори кишоварзӣ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки фаъолияти лоиҳаи якум, […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳае бо маблағи умумии 45,9 млн. доллари ИМА ҳусни оғоз бахшиданд, ки мақсади он беҳтар намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои кории муваққатӣ дар дувоздаҳ ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи дуюм оид ба корҳои ҷамъиятӣ барои идоракунии устувори кишоварзӣ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки фаъолияти лоиҳаи якум, ки бомуваффақият анҷом дода шуда буд, густариш дода шавад. Зиёда аз 43 ҳазор хонаводаҳо аз лоиҳаи якум тавассути корҳои ҷамъиятӣ ва дастрасии беҳтар ба обёрӣ нафъ диданд.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, Марша Олив, Менеҷери дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст,  лоиҳа ба деҳқонон имкон медиҳад, ки даромадҳои иловагиро барои оилаҳои худ ба даст оварда, воситаҳои истеҳсолиро барои заминҳои худ харидорӣ кунанд ва бо мақсади ба даст овардани ҳосили баланд ва амнияти озуқаворӣ ба хизматрасониҳои обёрӣ дастрасӣ ёбанд.

Ин лоиҳаи нав ба воситаи гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) дар ҳаҷми 18 миллион доллари ИМА ва гранти Барномаи Хазинаи трастии мултидонорӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқавории глобалӣ дар ҳаҷмӣ 27,9 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешавад, ки маблағгузории онро Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ моҳи ноябри соли 2012 тасдиқ намуда буд. Лоиҳа мақсад дорад, ки тавассути имкониятҳо оид ба ҷойҳои кории ҷамъиятии муваққатӣ ва азнавбарқарорсозии инфрасохтори муҳими обёрӣ ва заҳбур ба зиёда аз 770 ҳазор нафар аҳолии дувоздаҳ ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон нафъ оварад.

Ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ мушкилиҳои зиёд доранд, аммо иқтидори хуби кишоварзиро нишон медиҳанд. Ҳамин тариқ ноҳияҳои зерин зери чорчӯбаи фаъолияти лоиҳа оид ба азнавбарқарорсозии инфрасохтори обёрӣ ва заҳбур қарор хоҳанд гирифт: Ҷиликӯл, Ҷомӣ, Румӣ, Рӯдакӣ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Восеъ, Бохтар, Панҷ, Ҳисор, Хуросон ва Носири Хусрав. Дар нақша аст, ки тахминан 22 000 нафар мардум бевосита танҳо аз пешниҳоди кори муваққатӣ нафъ хоҳанд дид. Азнавбарқарорсозии инфрасохтори обёрӣ ва заҳбур дастрасии қариб 190 000 гектар заминро ба обёрӣ беҳтар хоҳад кард, ки аз он 750 ҳазор нафар сокинон дар ҳамаи ноҳияҳои мақсаднок баҳраманд мегарданд. Дар асоси лоиҳаи таҷрибавӣ гуфтан мумкин аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ҳосилнокии зироатҳо ба 10 фоиз зиёд мегардад.

Лоиҳа инчунин ислоҳоти институтсионалӣ ва сиёсии рафтаистодаро дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ дастгирӣ хоҳад кард. Тахминан 22 Ассотсиатсияҳои нави истифодабарандагони об (АИО) таъсис дода хоҳанд шуд ва кӯмак дар ташаккули иқтидори ин АИО ва 33 ассотсиатсияҳои мавҷуда дар мавзеҳои лоиҳавӣ расонида мешавад. Илова бар ин, бо мақсади дастгирии кӯшишҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обӣ ва дигар муассиссаҳои дахлдор дар кори ислоҳоти соҳаи об кӯмаки техникӣ расонида мешавад, ки он аз инҳо иборат мебошад: i) ҷудокунии идоракунии захираҳои обӣ ва хизматрасонии таъминоти об; ii) ҷудокунии ташкили сиёсат ва банақшагирӣ аз идоракунии амалии соҳа; ва iii) ҷоринамоии механизмҳои Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои обӣ. Дар якҷоягӣ принсипҳои мазкур дар таҳкими заминаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва стратегӣ баҳри таҷрибаҳои беҳтари идоракунии об дар кишвар кӯмак хоҳанд расонд.

Лоиҳа оид ба корҳои ҷамъиятӣ барои идоракунии устувори кишоварзӣ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон яке аз чор лоиҳаҳои фаъол дар соҳаи кишоварзӣ дар маҷмӯи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки мақсади онҳо ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ ва беҳтаркунии маҳсулнокии кишоварзӣ мебошад. Моҳи июни соли 2013 Бонки ҷаҳонӣ 20-умин солгарди ҳамкории худро бо Тоҷикистон ҷашн мегирад ва дар ин росто қайд кардан зарур аст, ки соҳаи кишоварзӣ гирандаи калонтарини маблағгузории умумии Бонки ҷаҳонӣ мебошад ва то имрӯз зиёда аз 280 миллион доллари ИМА ба соҳаи мазкур равона карда шудааст. Бо назардошти он, ки саҳми соҳаи кишоварзӣ дар ММД 21 фоиз ва дар шуғли аҳолӣ 64 фоизро ташкил медиҳад, он ҳамчун соҳаи афзалиятнок барои фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Алҳол маҷмӯи лоиҳаҳои фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 15 лоиҳа иборат мебошад, ки ба онҳо маблағи умумии 271 миллион доллари ИМА сафарбар карда мешавад. Ҳиссаи калонтаринро дар маҷмӯи лоиҳаҳо соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот дорад (40 фоиз) ва баъд аз он соҳаҳои зерин меоянд: об ва беҳдошт (15 фоиз), рушди инсон (14 фоиз), энергетика (13 фоиз), сохтори давлатӣ (12 фоиз) ва сохтори хусусӣ (6 фоиз).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.