Шабакаи иҷтимоии «Созандагони Ватан» таҳия намешавад

Ташкилоти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ аз таҳияи шабакаи иҷтимоӣ дар Интернет бо забони тоҷикӣ даст кашид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов хабар дод, бо назардошти рақобатнопазирии шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дар Интернет дар қиёс бо шабакаҳои бузурге чун «Одноклаасники», «Мой мир» ё Facebook, онҳо ба чунин хулоса расидаанд. «Дар ҳамдастӣ […]

ASIA-Plus


Ташкилоти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ аз таҳияи шабакаи иҷтимоӣ дар Интернет бо забони тоҷикӣ даст кашид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов хабар дод, бо назардошти рақобатнопазирии шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дар Интернет дар қиёс бо шабакаҳои бузурге чун «Одноклаасники», «Мой мир» ё Facebook, онҳо ба чунин хулоса расидаанд.

«Дар ҳамдастӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мо тарҳи шабака бо забони тоҷикиро таҳия намудем, вале баъдтар бо мушкилоти молиявӣ дучор омадем ва ғайр аз ин, барои ифтитоҳи шабакаи иҷтимоӣ пойгоҳ (сервер)-и пуриқтидор зарур аст», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, корбарони шабакаи Интернети Тоҷикистон ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоии дар боло зикршуда одат кардаанд ва «гап сари он аст, ки дар он ҷо корбарони хориҷӣ хеле зиёданду гуфтугӯ бо онҳо ҷолибтар аст. Аз ин рӯ, шабакаи мо рақобатнопазир мешуд».

Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳор карда буд, ки дар шабакаи Интернет торнамои ба Фейсбук монанди худро

боз карданис

т. Ба эътиқоди ташаббускорони он, ин сомона бояд ҷавонони тоҷики дохил ва хориҷи кишварро баҳри шукуфоии ватан муттаҳид месохт. «Дар сомонаи зикршуда ба масоили идеал ва арзишҳои миллии халқи тоҷик афзалият дода шуда, бигзор он ҳамчун майдони табодули афкори ҷавонони тоҷик хизмат намояд», – изҳор дошта буданд ташаббускорон.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи майи соли гузашта дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нахустин шабакаи иҷтимоии тоҷикӣ – www.socialnet.tj

ба фаъолият шурӯъ кард.

Ин ягона шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шабакаи мазкурро ҷавонон – донишҷӯёне, ки машғули барномасозианд, таҳия намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.