Дар доираи чорабиниҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба дастгирии бахши кишоварзии Тољикистон дар таърихи 7уми июни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар мавзӯи суръат бахшидан ба рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон семинар баргузор мешавад.
Тавре дар варақаи иттилоотии намояндагии БАТР дар Тоҷикистон зикр мегардад, дар семинари мазкур агро-соҳибкорони вилояти Суғд, намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ассосиатсияҳои соҳибкорон, ассосиатсияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сармоягузорони хориҷӣ гирдиҳам омада, атрофи кӯмак ва сармоягузории БАТР ва чигунагии мусоидати ин чорабинињо ба рушди соҳибкорӣ дар ин соҳа суҳбат хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, инчунин якчанд лоиҳаҳои муваффақ, ки дар он ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо иштирок кардаанд ва баъд аз анҷоми лоиҳа аз ҷониби БАТР сармоягузорӣ шудаанд, ҳамчун намуна аз ҷониби гурӯҳи дастгирии соҳибкории хурду миёнаи БАТР муаррифӣ карда мешаванд. Мақсади ба роҳ мондани ин лоиҳаҳо баланд бардоштани сифати банақшагирии тиҷоратӣ, баҳисобгирии молиявӣ ва истеҳсолот мебошад.
БАТР ба рушди сектори агробизнес дар Тоҷикистон бо роҳи сармоягузорӣ ва бо ҳам овардани агро-соҳибкорон ва экспертҳои соҳавӣ мусоидат менамояд. Иштироки БАТР дар сектори агробизнес тамоми равандҳои ин соҳаро аз коркарду истеҳсолот то ба савдои яклухт ва чакана дар бар мегирад. БАТР якчанд намудҳои сармоягузорӣ ва кӯмакҳои техникие, ки ба рушди истеҳсолот ва баҳисобгирии молиявӣ равона шудаанд, ба соҳибкорон пешниҳод менамояд.
БАТР дар Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1992 ба роҳ монда, то ин дам дар бахши кишоварзӣ ба миқдори 25 млн. евро сармоягузорӣ намудааст. Барномаҳои БАТР оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна аз соли 1999 ин ҷониб дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд ва дар ин муддат 400 лоиҳа бо иштироки соҳибкорони хурду миёна ва беш аз 100 чорабинӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуд, ки барои давлатҳои иқтисодашон дар ҳоли гузаариш қарордошта аз ҷониби фонди махсуси саҳмдорони БАТР, Амрико ва Люксембург маблағгузорӣ шудаанд.







