Мусобиқаи нахусти мубоҳисавии «Ҷоизаи бозори озод – Бадахшон 2013»

Нимаи дуюми ҳамин моҳ Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Фридрих Науманн ва Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии  «Атлас» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Бадахшон 2013»-ро, ки ба мавзӯъҳои иқтисодӣ – масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми ҳамин моҳ Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Фридрих Науманн ва Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии  «Атлас» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Бадахшон 2013»-ро, ки ба мавзӯъҳои иқтисодӣ – масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар шаҳри Хоруғ баргузор мекунад.

Чӣ тавре ки аз дафтари Маркази бозори озоди Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон  тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзӯъҳои алоҳида мебошад. Мусобиқа аз рӯйи формати парламентии америкоӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, мубоҳисаи ҷавони яке аз усули таъсирноки омӯзиш  барои ба даст овардани дониши зарурӣ дар ҷамъияти демократӣ мебошад. Ин мусобиқа барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури интиқодӣ ва маҳорати суханварии иштирокчиён мусоидат менамояд.

Бо андешаи ташкилотчиён, мақсади асосии ин мусобиқаи мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Бадахшон 2013» – рушди ҳавасмандии  ҷавонони минтақа буда, барои ба даст овардани дониши иқтисодӣ ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави намоён равона шудааст. Пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба формат ва техникаи мубоҳисавӣ гузоронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.