Тасдиқи ду созишномаи қарзӣ дар парлумон

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Созишномаҳои қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва лоиҳаи азнавсозии зеристгоҳи барқии 500 кВт Регар ба маблағи умумии 58,9 млн. доллари ИМА тасдиқ шуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба созишномаҳои мазкур вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Созишномаҳои қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва лоиҳаи азнавсозии зеристгоҳи барқии 500 кВт Регар ба маблағи умумии 58,9 млн. доллари ИМА тасдиқ шуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба созишномаҳои мазкур вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар тамоми чорроҳаву гардишҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ гузошта мешаванд ва ба ин васила бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти худкори элкетронӣ назорат хоҳад шуд. Арзиши лоиҳа 22 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағ дар шакли қарзи имтиёзнок аз ҷониби Эксимбонки Чин пешниҳод мегардад.

«Қарз дар муддати 20 сол аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани ҳаракати роҳ баргардонида мешавад», – гуфт С.Наҷмиддинов.

Дар мавриди созишномаи дуюм вазири молия зикр кард, ки зеристгоҳи барқии 500 кВт-и Регар 37 сол қабл мавриди истифода қарор гирифта, айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

«Барои азнавсозии зеристгоҳ тибқи лоиҳа 36,9 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, ки 351 млн. доллари онро ба сифати қарзи имтиёзнок ҷониби Чин ҷудо мекунад», – таъкид дошт вазир.

Зимнан маълумот дода шуд, ки аз оғози сол Тоҷикистон 11 созишномаи қарзии бурсӣ ба маблағи умумии 899 млн. сомонӣ, аз ҷумла 7 созишномаи қарзӣ ба маблағи 460 млн. сомонӣ ба тасвиб расонидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.