ВКХ: Бо шиносномаи биометрӣ дар Русия мушкилот надорем

Date:


Муддати як моҳ аст, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дар бораи мушкилоти ҷойдошта бобати вуруд бо шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон ба қаламрави Русия мактубҳо ворид мешаванд ва дар онҳо зикр мегардад, ки ин мушкилот танҳо дар Русия рӯйи кор меояд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад намуданд. Ба қавли котиби сеюми Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ Рустам Ҳасанов, муддати се сол аз замони ҷорӣ шудани шиносномаҳои биометрӣ, ҳеҷ касе дар бораи мушкилоти пайдошуда бо онҳо муроҷиат накардааст.

«Ҳанӯз соли 2009, то оғози расмии додани шиносномаҳои биометрӣ ба тамоми намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар оид ба таснифи шиносномаҳои биометрӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор иросл шуда буданд. Сипас баъд аз оғози додани шиносномахо аз соли 2010 ҳеҷ нафаре ба мо дар бораи ҷой доштани мушкилот бо ин ҳуҷҷат муроҷиат накардааст», – қайд кард Ҳасанов.

Ба гуфтаи Ҳасанов, агар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ин мушкилот дар Русия дучор гарданд, метавонанд ба Раёсати консулгарӣ муроҷиат кунанд ва дар он ҷо мушкилоти онҳо баррасӣ мешавад. Барои ин бо телефони +992 37 221 15 занг задан кофист.

«Агар дар хориҷи кишвар мушкилот пайдо шавад, шаҳрванд метавонад ба намояндагии дипломатӣ ё консулгарии Тоҷикистон муроҷиат намояд», – афзуд номбурда.

Бояд зикр намуд, ки шиносномаҳои биометрӣ аз моҳи феврали соли 2010 инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Арзиши он барои шаҳрвандони то 16-сола 25 доллар, шиносномаи умумишаҳрвандии биометрии хориҷӣ – 75 доллар, хизматӣ – 100 доллар ва шиносномаи хориҷии биометрӣ барои дипломатҳо 125 доллар муқаррар шудааст.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. масъалаи шиносномаи биометрии хорочи

    ман шиномномаи биометрии хоричиро гирифта ба Россия омадам дар он шиноснома як камбуди чой дорад, ки дар он чо бо забони руси навищта нашудааст. агар хуб мешуд забони руссиро низ ба ончо ворид мекарданд. барои он ки дар ФР ба хар муассисае, ки мурочиат накунед переводи паспорт мепурсад. барои перевод паспорт дар ФР маблаги калон мегиранд. ин барои мухочирони мехнати зарар мебошад.

Leave a Reply to самандар Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related