Сарраёсати геология: Пешгӯиҳо дар мавриди захоири нафту гази Тоҷикистон умедбахшанд

Сардори сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки захираҳои бузурги карбоҳидратҳо дар Тоҷикистон ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонро ба кишвар ҷалб кардаст ва пешгӯиҳои мутахассисон комилан умедбахшанд. Ба қавли ӯ, ширкатҳои мамолики бузургтарини ҷаҳон, чун Total SA-и Фаронса, China National Petroleum Corporation-и Чин, Tethys Petroleum Limited-и Бритониё ва Gazprom […]

Заррина Эргашева


Сардори сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки захираҳои бузурги карбоҳидратҳо дар Тоҷикистон ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонро ба кишвар ҷалб кардаст ва пешгӯиҳои мутахассисон комилан умедбахшанд.

Ба қавли ӯ, ширкатҳои мамолики бузургтарини ҷаҳон, чун Total SA-и Фаронса, China National Petroleum Corporation-и Чин, Tethys Petroleum Limited-и Бритониё ва Gazprom International-и Русия агар лоақал ба чизе дилпур намебуданд, фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба роҳ намемонданд ва барои дарёфти захираҳои нафту газ маблағи зиёд ҷудо намекарданд.

«Албатта, дар геология чун дар дигар соҳот кафолат дода намешавад, аммо маълумоте дар даст ҳаст ва бар пояи онҳо метавон ба хулосае омад, ки дар умқи зиёд ҳаҷми саноатии карбоҳидридҳо мавҷуд мебошад. Ширкати «Густафсон»-и Амрико бар асоси маълумоти ҳанӯз дар даврони ИҶШС ҳосилшуда ва бо кӯмаки таҳқиқоти аэрологӣ ба хулосае омад, ки қаламрави Тоҷикистон ояндадор аст ва месазад, ки вориди ин сарзамин шаванд», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, чунин пешгӯиҳо қаблан ҳам ироа мешуданд, аммо онҳо бо пармакунии амалӣ собит нашуда буданд. Аълон ширкатҳои Total SA, CNPC дар ҳамдастӣ бо Tethys-ро лозим аст, дар ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ корҳои бодиққати геофизикӣ, аз ҷумла, корҳои иктишофи зилзилаву ҷозибасанҷиро гузаронанд. Баъдан бар пояи ин таҳқиқот мавзеъи пармакунии чоҳро муайян созанд.

«Ширкати CNPC таҷрибаи зиёди коркарди маълумотро дорост. Total аз лиҳози фаннӣ хеле хуб муҷаҳҳаз аст ва фикр мекунам, ки дар маҷмӯъ ин ширкатҳо натиҷаи хуб ба даст меоранд. Лоиҳаҳои пешниҳодкардаи ин ширкатҳоро мо баррасӣ мекунем. Дар ин лоиҳаҳо ҳаҷми сармоягузориҳо ишора хоҳад шуд, аммо ҳоло маълум нест, ки ин ширкатҳо барои фаъолияти худ дар Тоҷикистон чӣ миқдор маблағ ҷудо карданиянд», – тавзеҳ дод Азими Иброҳим. Мавсуф истисно накард, ки аснои ошкор ва истихроҷи конҳои калони гази табиӣ, содироти карбоҳидратҳо аз Тоҷикистон ба Чин комилан воқеъӣ хоҳад буд.

Сардори сарраёсати геология хабар дод, ки то кунун ширкати Gazprom International жарфнои тарҳезишудаи 6300 метрро дар чоҳи «Шаҳринав 1п» дар қитъаи ояндадори Сариқамиш гузаштааст ва барои омӯзиши муфассалтари таркиби чоҳ, онро боз то 6450 метр парма кардааст.

Ба қавли Азими Иброҳим, ҳаҷми умумии маблағгузории Газпром то кунун 5 млрд. рубли русиро ташкил додааст.

Лозим ба қайд аст, ки бар пояи чандин пешгӯиҳо, дар қаъри замини Тоҷикистон беш аз 113 млн. тонна нафт ва 863 млрд. метри мукааб гази табиӣ мавҷуд аст. Аммо истихроҷи карбоҳидратҳо дар робита ба релефи мураккаб ва душворфатҳи кӯҳии кишвар хеле серхароҷот маҳсуб мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.