Шабдолов: Нофаҳмост, ки чаро ба имомхатибони ҷумҳурӣ маош таъин карда мешавад

Пешниҳоди дастмузд ба имомхатибон аз буҷети давлатии Тоҷикистон ба доираи масъулиятҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дохил намешавад ва дар назди он чунин вазифае наистодааст. Зеро дар Тоҷикистон давлат  аз дин ҷудост. Дар ин хусус зимни мусоҳиба бо Хабаргузории «Азия-Плюс» роҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Шодӣ Шабдолов изҳор дошт. «Нофаҳмост, ки чаро раисҷумҳур […]

Аваз Юлдошев


Пешниҳоди дастмузд ба имомхатибон аз буҷети давлатии Тоҷикистон ба доираи масъулиятҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дохил намешавад ва дар назди он чунин вазифае наистодааст. Зеро дар Тоҷикистон давлат  аз дин ҷудост. Дар ин хусус зимни мусоҳиба бо Хабаргузории «Азия-Плюс» роҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Шодӣ Шабдолов изҳор дошт.

«Нофаҳмост, ки чаро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо рӯҳониёни кишвар, ки рӯзи 4-июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҳукумат дастур дод, то имомхатибонро бо маош таъмин кунад», – гуфт Шабдолов. Ҳамзамон ӯ таъкид дошт, ки ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ барои таҷдид ва барқарорсозии оромгоҳу масоҷид, ки аҳамияти таърихӣ доранд, боиси суолу эрод намегардад. «Аммо дар шароите, ки аксари кулли хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби буҷет маоши кам мегиранд, дар ҳоле ки музди меҳнати ҳамасола афзояндаи кормандони давлатӣ дар натиҷаи таваррум ночиз мешавад, сабаби чунин супориши президент оид ба маоши имомхатибон комилан нофаҳмост», – мегӯяд Шабдолов.

Ба андешаи роҳбари ҳизби коммунистӣ, агар ҳадафи аслии ихтисоси маош барои имомхатибон дур нигаҳ доштани онҳо аз иқдомоти мамнӯъ ва ғайриқонунӣ бошад, дар ин маврид ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ вуҷуд дорад.

«Давлат ҳуқуқ дорад, ки барои ҳар гуна фаъолиятҳои зиддидавлатӣ нисбат ба ходимони дин чораҳои дахлдор андешад, аз ҷумла, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣкашад », – гуфт раиси ҲКТ.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни вохӯрии 4-уми июл бо рӯҳониёни кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати молия, Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати ҶТ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастур дод, то аз 1-уми январи соли 2014 ба имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи Тоҷикистон пардохти маоши расмиро оғоз кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.