Нақшабандии ғалат сабаби иҷро нашудани қисми даромади буҷа дар Шаҳритус аст

Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷумъахон Сафаров рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ сабаби қарзи музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони соҳаи тиббиро дар нодуруст тарҳрезӣ шудани нақшаи андози ноҳия маънидод кард. «Сабаби пардохт нашудани маоши кормандони буҷавӣ, аз ҷумла, омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия саривақт иҷро нашудани нақшаи андоз мебошад. Ин ҳолат сабабҳои объективии худро дорад, […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷумъахон Сафаров рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ сабаби қарзи музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони соҳаи тиббиро дар нодуруст тарҳрезӣ шудани нақшаи андози ноҳия маънидод кард.

«Сабаби пардохт нашудани маоши кормандони буҷавӣ, аз ҷумла, омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия саривақт иҷро нашудани нақшаи андоз мебошад. Ин ҳолат сабабҳои объективии худро дорад, аз ҷумла, номувофиқии нақшабандӣ ва ба манбаъҳои воқеӣ мувофиқ набудани нақшаи андоз дар ноҳия мебошад», – гуфт Сафаров.

Номбурда дар давоми сӯҳбаташ қайд кард, ки хатоҳои нақшабандӣ дар андоз аз арзиши иловашудава ва андоз аз даромад вуҷуд дорад, ки ба вазъи воқеии манбаъҳои ин намуди андоз рост намеояд.

«Дар ноҳияи Шаҳритус ҳамагӣ чаҳор субъект ҳаст, ки манбаи андози иловашуда мебошад. Вобаста ба ин намуди андоз дар нақшаи ноҳияи мо беш аз 2 миллион сомонӣ тарҳрезӣ шудааст. Ин чаҳор субъект имкони пардохи андозро дар чунин ҳаҷм надоранд. Вобаста ба андоз аз даромад дар ноҳияи мо субъекте, ки бояд чунин намуди андозро супорад, вуҷуд надорад. Ин омилҳое ҳастанд, ки нақшаи андоз иҷро намешавад ва мо наметавонем саривақт музди меҳнати омӯзгорону табибонро пардохт кунем», – иброз дошт раиси ноҳия.

Мавсуф афзуд, ки музди меҳнати омӯзгорон то моҳи июн пардохт шудааст ва айни ҳол рухсатипулии онҳо таъмин карда мешавад. «Дар соҳаи тандурустӣ ҳам қарз вуҷуд дорад, вале дар рӯзҳои наздик онҳо низ музди меҳнаташонро хоҳанд гирифт», – гуфт Сафаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.