Дар Вилояти Перм фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти рохбарии тоҷикон қатъ карда шуд

Кормандони Раёсати Хадамоти федеролии назорати мухадиротии ФР дар вилояти Перм фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки зери роҳбарии чанд тоҷик фаъолият дошт, қатъ намуда, 7 киллограм героин мусодира карданд. Дар ин бора ниҳоди мазкур иттилоъ додааст. Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи тафтишоти тӯлонӣ, кормандони назорати мухаддиротӣ фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳи қҷноятпешаеро таҳти роҳбарии шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ […]

Азия-Плюс



Кормандони Раёсати Хадамоти федеролии назорати мухадиротии ФР дар вилояти Перм фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки зери роҳбарии чанд тоҷик фаъолият дошт, қатъ намуда, 7 киллограм героин мусодира карданд. Дар ин бора ниҳоди мазкур иттилоъ додааст.

Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи тафтишоти тӯлонӣ, кормандони назорати мухаддиротӣ фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳи қҷноятпешаеро таҳти роҳбарии шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ менамоянд. Ба иттилои ин ниҳод, онҳо ба таҳвили миқдори зиёди героини сахттаъсир ба қаламрави вилояти Перм машғул будаанд.

Дар ҷараёни амалиёти фаврию ҷустуҷуӣ дар шаҳроҳи Перм-Екатеринбург кормандони полис як автомобилро боздоштанд ва аснои азназаргузаронии он 10 бастаи маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки вазни он ду килограммро ташкил мекунад.

Аснои гузаронидани тафтиш дар манзили истиқоматии ҷинояткори асосӣ кормандони полис беш аз 3,5 кг, маводи нашъаовар мусодира карданд. Ҳамагӣ аз гардиши ғайриқонунии ҳамин қочоқчиён 7 килограмм героини дараҷаи таъсирнокияш баланд мусодира карда шудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.