Муҳлати ҳабси Саидов дароз карда шуд

Муҳлати ҳабси Зайд Саидов ду моҳ дароз карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров хабар дод, тафтишот дархости худро бо он асоснок кардааст, ки дар парвандаи Саидов далелҳои нав пайдо шуда, парвандаи нави ҷиноӣ боз гардидааст. «Дар ин робита тафтишот аз суд дархост намуд, ки муҳлати ҳабси Саидов ду моҳи дигар дароз […]

ASIA-Plus



Муҳлати ҳабси Зайд Саидов ду моҳ дароз карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров хабар дод, тафтишот дархости худро бо он асоснок кардааст, ки дар парвандаи Саидов далелҳои нав пайдо шуда, парвандаи нави ҷиноӣ боз гардидааст.

«Дар ин робита тафтишот аз суд дархост намуд, ки муҳлати ҳабси Саидов ду моҳи дигар дароз карда шавад. Суд далелҳои тафтишотро омӯхта, дархости мазкурро қонеъ кард», – зикр кард адвокат.

Ёдрас мекунем, ки пешвои гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов санаи 22-юми май дар давраи баргузории амалҳои тафтишотӣ нисбати парвандааш ба ҳабс гирифта шуд. Муҳлати таҳти ҳабс қарор доштани ӯ санаи 22-юми июл ба итмом мерасид. Агар то ин сана муфаттиш бо дархост дар бораи тамдиди муҳлати ҳабс муроҷиат намекард, чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов тағйир дода мешуд.

Аммо рӯзи 16-уми июл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ

парвандаи ҷиноӣ

боз карда, айни замон тафтишоти пешакӣ аз рӯйи ин парванда идома дорад.

Саидовро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё ба номуси духтари 14-сола таҷовуз намуда, сипас муддати чор сол бо ӯ алоқаи ҷинсиро давом додааст ва духтарро се маротиба ба исқоти ҳамл маҷбур кардааст. Гуфта мешавад, айни замон ин духтар гӯё аз Зайд Саидов кӯдаки сесола доштааст.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.