Қувайт иштирокашро дар Конфаронси ҳамкорӣ дар соҳаи об тасдиқ кард

Сафири Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини сарвазир, вазири молия ва вазири нафт, ҳамзамон хамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ Мустафо аш-Шимолӣ баргузор гардид. Ба иттилои Шӯъбаи иттилооти ВКХ-и ҶТ, Мустафо аш Шимолӣ, қаноатмандии ҷониби Қувайтро аз натиҷаҳои сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, […]

Азия-Плюс



Сафири Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини сарвазир, вазири молия ва вазири нафт, ҳамзамон хамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ Мустафо аш-Шимолӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Шӯъбаи иттилооти ВКХ-и ҶТ, Мустафо аш Шимолӣ, қаноатмандии ҷониби Қувайтро аз натиҷаҳои сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, омодагии худро ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак дар роҳи амалисозии муоҳидаҳои ба дастомада таъкид сохт.

 Муовини сарвазир қайд кард, ки барои Қувайт проблемаи оби нӯшокӣ хеле мубрам буда, аз ин рӯ кишвараш ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи об баҳои баланд медиҳад.

Мустафо аш-Шимолӣ  иттилоъ дод, ки ҳайати баландпояи Қувайт дар Конфаронси байналхалқии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣдар соҳаи об, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, ширкат меварзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.