Боздошти доғистониён дар Душанбе ба гумони роҳзанӣ

Ба гумони даст доштани дар роҳзаниву ғоратгарӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрвандони Русия, зодагони Доғистон Феликс Гачиев, Магамедалӣ Омаров ва сокини ноҳияи Ҳисор Суҳроб Ҷалилов боздошт шуданд. Бино ба иттилои торнамои расмии ВКД Тоҷикистон, аввали моҳи июл боздоштшудагон бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдид бо таппончаву корд сокини маҳаллаи Испечак-2-ро мавриди лату кӯб ва аз кисаи […]

ASIA-Plus


Ба гумони даст доштани дар роҳзаниву ғоратгарӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрвандони Русия, зодагони Доғистон Феликс Гачиев, Магамедалӣ Омаров ва сокини ноҳияи Ҳисор Суҳроб Ҷалилов боздошт шуданд.

Бино ба иттилои торнамои расмии ВКД Тоҷикистон, аввали моҳи июл боздоштшудагон бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдид бо таппончаву корд сокини маҳаллаи Испечак-2-ро мавриди лату кӯб ва аз кисаи ӯ 100 доллари  амрикоӣ, 450 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва автомашинаи шахсиаш тамғаи  «Тайота-Кемри»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

«Ҳангоми дастгир намудани ин нафарон кормандони милитсия боз ду нафар шахсони барои авбошӣ мавриди ҷустуҷӯ қарордошта, сокинони ноҳияи Ҳисор Аҳмадҷон Абдуллоеви 26-сола ва Зоиршо Расулови 28-соларо низ дастгир карданд», – зикр мегардад дар маълумоти ВКД ҶТ.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.