Мусодираи беш аз 3 тоннаву 740 кило мухаддирот дар 6 моҳ

Нимсолаи аввали соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 3 тоннаву 743 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар ин давра 537 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд […]

ASIA-Plus


Нимсолаи аввали соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 3 тоннаву 743 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар ин давра 537 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пеш 4,3% (561 ҷиноят) камтар аст.

Тӯли ним сол АНМН аз 53 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷилавгирӣ ва дар натиҷа зиёда аз 461 кило мухаддирот мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,2% зиёдтар аст.

Давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Агентӣ 66 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 45 парванда нисбати 66 нафар ба суд ирсол гардидаанд. Дар ин давра 9 нафар шаҳрвандони дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба мухаддирот боздошт шудаанд.

Барои қонуншиканиҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 17 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, аз онҳо ба фоидаи давлат 10 ҳазору 900 сомонӣ маблағ ситонида шудааст.

Дар ҷараёни марҳилаи аввали амалиёти «Кӯкнор-2013», ки аз 20-уми май то 15-уми июл доир гардид, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 787 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳудуди 31 кило героин, беш аз 223 кило афюн ва зиёд аз 533 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.