Маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати сарвари давлат

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон , раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати мамлакат баргузор гардид, ки дар он нахуст Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан тасдиқ карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавассути лоиҳаҳои қонунҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо маъқул […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон , раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати мамлакат баргузор гардид, ки дар он нахуст Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавассути лоиҳаҳои қонунҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи молия”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи туризм”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва ғайра.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор, таъсиси Муассисаи давлатии парваришгоҳи “Баҳри Норак” ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон” тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масоили омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки барои босифат омода намудани шабакаҳои барқии кишвар, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамъоварии ҳосили мавҷудаи маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захирасозии озуқаворӣ, хӯроки чорво ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани нигоҳубини роҳҳои мошингард аз тамоми имкону захираҳо пурсамар истифода бурда шавад.

Супоришҳои мушаххаси дигар дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили об, ки дар аввали даҳаи сеюми моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.