Э.Раҳмон мардуми Афғонистонро бо ҷашни истиқлол табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – 94 –умин солгарди истирдоди истиқлолияти давлатии кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Афғонистон бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – 94 –умин солгарди истирдоди истиқлолияти давлатии кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Афғонистон бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.

«Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифро таъкид намуда, омодагии хешро барои идомаи мунтазами муколамаи созандаи байни ду давлати дӯсту бародар дар сатҳҳои гуногун иброз менамоям», – омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро, ки ба арзишҳои волои ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя такя мекунанд, ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ҷавобгӯ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.