Парвандаи Зайд Саидов ба Прокуратураи генералӣ ирсол мегардад

Дархости адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов ҷиҳати гузаронидани ташхиси ДНК барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, бидуни посух боқӣ монд. Ин дархост ҳанӯз аввали моҳи август пешниҳод шуда буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Исҳоқ Табаров хабар дод, мақомоти тафтишот дархости онҳоро […]

ASIA-Plus


Дархости адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов ҷиҳати гузаронидани ташхиси ДНК барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, бидуни посух боқӣ монд. Ин дархост ҳанӯз аввали моҳи август пешниҳод шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Исҳоқ Табаров хабар дод, мақомоти тафтишот дархости онҳоро қонеъ накарда, танҳо ташхиси биологӣ гузаронидааст, ки он мувофиқат дар гурӯҳи хунро муайян карда, вале ба мушаххас намудани эҳтимоли падарӣ ба кӯдак кӯмак намекунад.

«Баррасии парвандаи Зайд Саидов аллакай ба итмом расида, шояд имрӯз ҷиҳати баррасии минбаъда ба Прокуратураи генералӣ фиристода шавад. Мо ҷиҳати баргузории ташхиси ДНК исрор варзидем, вале ин ташхиси муҳиму ҳалкунанда гузаронида нашуд», – зикр кард Табаров.

Адвокат қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки баргузории ташхиси ДНК дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва дар ин робита, онҳо омодаанд, ки ҳамаи хароҷоти баргузории он дар хориҷи кишварро ба зиммаи худ гиранд. Номбурда ҳамчунин гуфта буд, дар сурати қонеъ шудани дархосташон, ташхис шояд дар Олмон гузаронида шавад ва арзиши он ҳудуди 1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов аз мақомоти тафтишот дархост кардаанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад,

ташхиси ДНК гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар маросими рӯбарӯкуниии рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохт. Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.