Дарёфти сайёҳони бедаракшудаи амрикоӣ дар кӯҳҳои Помир

Панҷ нафар сайёҳони амрикоӣ, ки дар кӯҳҳои ВМКБ бедарак шуда буданд, имрӯз дарёфт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти махсуси ҷумҳурӣ хабар дод, ояндаи наздик тавассути чархбол онҳо ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешаванд. Бино ба иттилои манбаъ, вазъи шаҳрвандон амрикоӣ қаноатбахш буда, танҳо пои як нафар аз онҳо шикастааст. Онҳо изҳор […]

ASIA-Plus


Панҷ нафар сайёҳони амрикоӣ, ки дар кӯҳҳои ВМКБ бедарак шуда буданд, имрӯз дарёфт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти махсуси ҷумҳурӣ хабар дод, ояндаи наздик тавассути чархбол онҳо ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, вазъи шаҳрвандон амрикоӣ қаноатбахш буда, танҳо пои як нафар аз онҳо шикастааст. Онҳо изҳор кардаанд, ки бинобар коршоям набудани таҷҳизот, муддати се рӯз натавонистаанд, ки ба алоқа бароянд. Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар торнамои

Outsideonline.com

дар бораи дар кӯӯхои ВМКБ бедарак шудани панҷ нафар сайёҳони амриокӣ маълумот интишор гардид. Сайёҳони амрикоӣ – Бен Лак, Купер Ламбла, Матт, Нейт Клема ва Чарлз Кинг ахиран рӯзи 30-юми сентябр дар бораи ба хатар гирифтор шуданашон хабар додаанд.

Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Помир Қирғизбек Канунов, тамоми сокинони Помир дар бораи бедаракшавии сайёҳони амрикоӣ огоҳ гардида, дар ҷустуҷӯи онҳо фаъолона саҳм гузоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.