Ғорати манзили падари вакили парлумон дар Файзобод

Панҷ нафар ҷинояткороне, ки ба ғорати манзили падари вакили палатаи поёнии парлумон Меҳроҷиддин Ҳакимов дар ноҳияи Файзобод даст заданд, аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ шаҳрвандон: Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарипов Фирӯз Ҷурахонович соли таваллудаш 1993, […]

ASIA-Plus


Панҷ нафар ҷинояткороне, ки ба ғорати манзили падари вакили палатаи поёнии парлумон Меҳроҷиддин Ҳакимов дар ноҳияи Файзобод даст заданд, аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ шаҳрвандон: Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарипов Фирӯз Ҷурахонович соли таваллудаш 1993, Умаров Муҳаммад Маҳмадсадиқович, соли таваллудаш 1973, Худойбердиев Санчимурод Абдураҳимович соли таваллудаш 1970, Комилҷони Сайфиддинзода соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Файзобод дастгир карда шуданд.

Санаи 09.10.с.2013, тахминан соати 24:30-дақиқа Ҳакимов Барзу Мизробшоевич бо ҳаммаслаконаш Шарипов Фирӯз Ҷурахонович, Умаров Муҳаммад Маҳмадсадиқович, Худойбердиев Санчимурод Абдураҳимович, Комилҷони Сайфиддинзода ва нафарони ба тафтишот номаълум Маҳмад ва Абдулло занг зада, дар шаҳри Ваҳдат вохӯрда, маслиҳат намуда, нақшаи роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҳакимов Достмурод, сокини ноҳияи Файзободро тарҳрезӣ кардаанд.

Сипас, онҳо бо таппончаи бозичагӣ ва кордҳои қатъшаванда мусаллаҳ гашта, дар автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат намудаанд. Бо дастуру пешниҳоди Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соати 01:00-дақиқа ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро пӯшида, Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро ҳамчун назоратчӣ дар паси дар гузошта, боқимонда ҷинояткорон аз кушода будани дари истиқоматӣ истифода намуда, ба хонаи Ҳакимов Достмурод ворид гаштаанд.

Онҳо бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯрӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ ва бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаашон вориди ҷои хоби Ҳакимов Д. гашта, аз кисаи костюмаш маблағи 1700 сомонӣ, баъди он аз дастони завҷааш Ҳакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллогинро тасарруф намуда, набераи 16-солаи соҳибхона Ҳакимов Абдулҳак Меҳробовичро зери мушту лағат қарор дода, ба соҳибхона супориш додаанд, ки калидҳои сандуқи оҳанини (сейф) дар ҳуҷра бударо ба онҳо диҳанд.

Аммо  аз ин ҳодиса кормандони милитсия хабардор шуда, фавран Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро дар ҷойи ҳодиса ва боқимонда ҳаммаслаконашро ҳангоми гурехтанашон дастгир намуданд. Аз онҳо 1-адад ангуштарин, 1-адад корди қатъшаванда, 1-адад бастаи скоч, 1 ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 249 қисми 4 бандҳои «д» ва «в» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.