Кӯмаки сарвари давлат ба кӯдакони ятими Бадахшон

Нимаи дуюми рӯзи 9-уми октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии ёрирасони қисми низомии марзбонии 2703 бевосита шинос шуд. Дар боғи […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 9-уми октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии ёрирасони қисми низомии марзбонии 2703 бевосита шинос шуд.

Дар боғи хушманзари деҳаи Дашти ин мавзеъ  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳияи Ишкошим мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла шодоб гардидани 280 га замини навро дар ноҳияи Ишкошим натиҷаи хуби иҷрои супоришҳо доир ба аз худ кардани заминҳои бекорхобида номида, таъкид дошт, ки имконоти аз худ кардани заминҳо дар ин ноҳия ҳоло ҳам хеле зиёд аст. Чунонки зикр гардид, дар ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим имкони аз худ кардани беш аз 4 ҳазор га замини нав мавҷуд аст.

Бегоҳии ҳамин рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба кӯдакону наврасони аз падару модар  ятиммондаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонд.

Тавре зикр гардид, дар тамоми қаламрави ин вилоят 183 нафар кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз кумаки моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз кумаки моддии Президенти кишвар дирӯз дастрас гардида буд.

Кумак аз маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.